Ссылки доступа

Толибон ба занҳо иҷозаи таҳсил аз пушти пардаро доданд


Занҳо дар Афғонистон метавонанд, ба мактабҳои олӣ раванд, аммо бояд ҳиҷоб пӯшанд ва дар алоҳидагӣ аз мардон нишинанд. Дар ин бора рӯзи 12 сентябр як узви ҳаракати Толибон дар Кобул хабар дод.

Абдул Боқӣ Ҳаққонӣ, ки аз сӯи Толибон вазири таҳсилоти олӣ таъйин шудааст, 12 сентябр гуфт, толибон намехоҳанд, ақрабаки соатро ба 20 соли қабл гардонанд. Гузашта аз ин, ба гуфтаи Ҳаққонӣ, барои занҳо дар донишгоҳҳо маҳдудиятҳои шадид, аз ҷумла пушиши либос ҷорӣ мешавад. Ҳаққонӣ гуфт, занҳо ба таври ҳатмӣ бояд дар дарсҳо ҳиҷобро риоя кунанд.

Дар давраи ҳукуматдории пешинашон дар Афғонистон дар солҳои 1996-2001 "Толибон" аҳкоми сахти шариатро роҳандозӣ карда буданд. Дар Афғонистон он замон бисёре аз ҳуқуқҳои сиёсӣ ва асосҳои озодӣ маҳдуд, пеш аз ҳама аҳкоми шадид нисбати занону духтарон татбиқ мешуд. Таҳсил кардан ба занону духтарон манъ буд.

Акнун толибон мегӯянд, ҳуқуқи инсонро риоя мекунанд, вале бисёре аз афғонистониҳо ба гуфтаи онҳо бовар надоранд. Занони Афғонистон аз фишору поймолшавии ҳуқуқҳояшон аз сӯи толибон шикоят доранд.

XS
SM
MD
LG