Ссылки доступа

Ҳамаи гумонбарони куштори духтари қирғиз зиндонӣ шуданд


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон баррасии парвандаи рабудан ва куштори Айзада Канатбековаи 27-соларо ба поён расонд.

Дар курсии айбдорӣ 5 нафар менишастанд ва ҳамаашон зиндонӣ шуданд. Додгоҳ Замирбек Раманқулов ва Токон уулу Кубаничро 6 солу 6-моҳӣ, Рисбой уулу Ажикабил, Орузбек Нурумбетов ва Сиймик Молдосариевро 7-солӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Хоҳари Айзада - Нозгул Канатбекова ба хабарнигорон гуфт, наздикони ӯ аз ҳукми додгоҳ розӣ ҳастанд.

Духтари 27-соларо рӯзи 5 арпели имсол дар шаҳри Бишкек рабуданд. Се мард ӯро иҷборан дар мошине нишонда, ба самти номаълум бурданд.

Ҷасади Канатбекова бо нишонаҳои марги маҷбурӣ ва ҷасади марди 36-сола бо захмӣ корд дар дохили мошине миёни деҳаҳои Арашан ва Чокморов дар наздикии шаҳри Бишкек пайдо шуд.

Марди чӯпоне, ки ба пулис аз ёфт шудани мошин хабар дод, гуфт, мошини мазкурро рӯзҳои 5-6 апрел дида буд, аммо фикр мекард, он дар лой ғуттида аст. Танҳо рӯзи 7 апрел чӯпон ба мошин наздик шуда, ҷасади марду занро дар он дидааст.

XS
SM
MD
LG