Ссылки доступа

Қазоқистон аз шинҷониҳо хост, дар назди консулгарии Чин хайма назананд


Эътирози қазоқтаборон дар назди консулгарии Чин дар шаҳри Алмато бо талаби қатъи таъқиби наздиконашон дар минтақаи Шинҷон идома дорад.

Пулиси Алмато шоми 13 сентябр аз эътирозгарон хост, хаймаҳои худро аз назди консулгарӣ барчинанд. Қазоқтаборони норозӣ беш аз ду ҳафта мешуд, ки шабро дар наздикии консулгарӣ мегузаронданд.

"Кормандони пулис гуфтанд, ки сокинони маҳаллӣ аз насби хаймаҳо дар роҳ шикоят кардаанд. Дар натиҷа мо зери осмон шабро рӯз кардем. Шаб хеле сард буд. Дохили хайма каме гарм буд", - гуфт яке аз эътирозгарон.

Ба гуфтаи қазоқтабор Холида Акитхони 65-сола, кормандони пулис хаймаҳоро барчинда, насби дубораи онҳоро дар назди консулгарии Чин дар Алмато манъ карданд. ​Рӯзи 14 сентябр дар назди консулгарӣ чандин корманди пулис ҳузур дошт.

Иқдоми қазоқтаборон пушти дари консулгарии Чин дар шаҳри Алмато 8 феврали соли ҷорӣ шуруъ шуд. Бархе аз онҳо мегӯянд, пайвандони онҳоро дар Чин дар "урдугоҳҳои бозтарбияи Шинҷон нигаҳдорӣ мекунанд". Бархеи дигар иддао доранд, ки пайвандонашон дар Чин бе айбу асосе ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд. Гуруҳи севум даъво доранд, ки мақомоти Чин ҳуҷҷатҳои пайвандонашонро мусодира карда, ба онҳо иҷозаи тарки Чинро намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG