Ссылки доступа

Табиби қазоқ ҳамроҳи шавҳараш барои сохтакории натиҷаи санҷиши коронавирус муҷозот шуданд


Додгоҳи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон як зани табиб ва шавҳарашро дар фурӯши маълумотномаи қалбакии гузаштан аз санҷиши коронавирус айбдор эълом кард.

Дар сурати ба иҷро даромадани ҳукми додгоҳ ин марду зан бояд беш аз 550 ҳазор танга ё ҳудуди 1300 доллари амрикоӣ ҷарима супоранд.

Ба иттилои додгоҳ, мард барои ҳамсараш, ки дар бемористони Оқтепа кор мекард, довталабони харидории маълумотномаи санҷиши коронавирусро пайдо мекардааст. Онҳо ҷамъан 9 маълумотнома фурӯхта, бар ивази ҳар як санад 7500 танга ($17,6) талаб кардаанд.

Айбдоркунандаи давлатӣ хоста буд, айбдоршавандаҳо ба муҳлати як сол аз озодӣ маҳрум карда шаванд.

Ба гуфтаи вакили дифои гумонбарон Малика Байдекенова, шахсони зери ҳимояти ӯ гуноҳро пурра ба гардан гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG