Ссылки доступа

Дар Ишқобод пеш аз таҷлили ҷашни истиқлол ҳайвонҳои хонагиро маҳв мекунанд


Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон пеш аз таҷлили ҷашни Истиқлол ҳайвонҳои хонагиро аз кӯчаҳо маҳв мекунанд.

Кормандони хадамоти комуналии Ишқобод гуфтанд, онҳо вазифадор шудаанд, ки то рӯзи ҷашн ҳамаи ҳаймонҳоро аз кӯчаҳо ҷамъ оваранд. Ҷамъоварии гурбаҳо ба дӯши занҳо ва сагҳо ба дӯши мардон гузошта шудааст.

Як манбаъ аз мақомоти комуналии Ишқобод гуфт, сагу гурбаҳоро маҳв мекунанд.

Маҳви сагу гурбаҳо дар ҳолест, ки дар Туркманистон сагпарвариву сагшиносӣ тарғиб мешавад. Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти он кишвар худро яке аз сагшиносон муаррифӣ мекунад. Дар соли 2021 дар Туркманистон ҷашни Алабайи туркманӣ, инчунин медал барои афроде, ки дар самти сагпарварӣ хидмат нишон медиҳанд, ташкил шудааст.

XS
SM
MD
LG