Ссылки доступа

Дар Ишқобод гувоҳномаи ваксинаро "мефурӯшанд"


Аз сокинони шаҳри Ишқободи Туркманистон ҳангоми гирифтани ваксина зидди коронавируси нав ришва талаб карда мешавад.

Ба гуфтаи онҳо, кормандони тиббии пойтахти Туркманистон бар ивази додани гувоҳномаи ваксина аз сокинон 10 манат (ҳудуди 3 доллар) талаб мекунанд, вале расиди пардохти пулро намедиҳанд.

Сокинон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир шумори рӯзонаи гирифторон ба коронавирус дар Туркманистон ба таври бесобиқа афзоиш меёбад ва табибону ҳамшираҳо низ аз ин вазъ сӯистифода мекунанд.

"Ваксинаи зидди коронавирус расман ройгон бояд гузаронида шавад. Вале табибон аз ҳар як нафар баъди гузаронидани он 10 манати туркманӣ талаб мекунанд. Агар пулро надиҳӣ, ба ту гувоҳнома намедиҳанд. Аз додани расиди пардохти ин пул ҳам худдорӣ меварзанд", - гуфт як сокини Ишқобод 14 сентябр ба шарти ифшо нашудани номаш.

Баъди дарёфти гувоҳнома онро бояд ба назди сардухтури маҳаллӣ бурд, то ба он муҳр гузошта шавад ва дар онҷо низ якманатӣ талаб мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Туркманистон ба онҳое, ки гувоҳномаи ваксинаро надоранд, иҷозати рафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла маҳалли кор, савор шудан ба ҳавопаймо ва қатора дода намешавад.

Сокинони Ишқобод ҳоло бо ваксинаи ширкати чинии "Sinopharm" бо номи "Bio VeroCell" зидди коронавируси нав эм мешаванд.

XS
SM
MD
LG