Ссылки доступа

Як муҳоҷири меҳнатӣ дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд нопадид шудааст


Хешовандони Шоҳҷаҳон Ҳомидови 19-сола, муҳоҷири меҳнатӣ аз вилояти Андиҷони Узбекистон мегӯянд, Шоҳҷаҳон рӯзи 9 сентябри соли ҷорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд нопадид шудааст.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Ҳомидов рӯзи 8 сентябр аз Туркия ба Тошканд омада, фардои он мехост, ба Москва парвоз кунад. Аммо ба ҳавопаймо роҳ надоданд.

Пайвандон мегӯянд, Шоҳҷаҳонро дар фурудгоҳ шаҳри Тошканд боздошт ва ба самти номаълум бурдаанд.

Ҳанӯз ангезаҳои боздошти Шоҳҷаҳон Ҳомидов рушан нест.

XS
SM
MD
LG