Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон бархе аз сиёсатмадоронро бо гумони ғасби қудрат бозпурсӣ мекунанд


Муовини пешини вазири корҳои дохилии Қирғизистон Курсан Асанов рӯзи 14 сентябр дар доираи парвандаи ғасби қудрат боздошт шуд.

Рӯзи 15 сентябр дар вазорати корҳои дохилии он кишвар чанде аз сиёсатмадорон дар доираи парвандаи мазкур бозпурсӣ шуданд.

Жанар Акаев, вакили порлумони Қирғизистон, вазири пешини мудофиаи он кишвар Исмоил Исҳоқов, раиси пешини Комисияи марказии интихоботӣ Туйганалӣ Абдраимов дар миёни бозпурсишудаҳо буданд. Мақомот онҳоро ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ карданд.

Ин сиёсатмадорон даст доштанашонро дар омодагӣ ба ғасби ҳукумат рад ва бозпурсии худро таъқиби сиёсӣ меноманд.

Аммо Курсан Асанов, муовини пешини вазири корҳои дохилии Қирғизистон бо моддаи "Ғасби хушунатомезӣ ҳукумат" айбор мешавад. Вай ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG