Ссылки доступа

Бурунрафти туркманистониҳо аз ватан Бердимуҳаммадовро нигарон кардааст


Шумори туркманистониҳое, ки ба далели маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус дар хориҷ дармондаанду мехоҳанд, ба ватан баргарданд, афзоиш меёбад.

Ба иттилои манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ, танҳо дар шаҳри Москва дасти кам беш аз 2500 шаҳрванди Туркманистон парвоз ба ватанро мунтазир ҳастанд. Онҳое, ки ба Туркманистон баргаштанӣ ҳастанд, дар намояндагиҳои дипломатии он кишвар дар хориҷ рӯйхат мешаванд.

Ҳамсуҳбати радио мегӯяд, дар шаҳрҳои дигари Русия, ки Туркманистон онҷо консулгарӣ дорад, тақрибан ҳамин миқдор одам рӯйхат шудааст.

Дар ҳамин ҳол хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Туркманистон гуфт, сафари шаҳрвандони ин кишвар ба хориҷ ҳам ба далели сахттар шудани карантин, мушкил гаштани дарёфти шиноснома ва маҳдудшавии соати кории муассисаҳо мушкилтар шудааст.

Ба гуфтаи як манбаъ дар ҳукумати Туркманистон, ки нахост номаш бурда шавад, раванди бурунрафти сокинон аз ин кишвар президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро ҳам нигарон кардааст.

"Президент ба Вазорати умури хориҷӣ ва Хадамоти муҳоҷирати Туркманистон дастур дод, ки пеши роҳи бурунрафти сокинонро бигиранд", - изҳор дошт манбаъ.

XS
SM
MD
LG