Ссылки доступа

Эҳтимоли баста шудани шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон


Порлумони Қазоқистон 15 сентбр лоиҳаи қонунеро дар қироати аввал қабул кард, ки моликони онлайн-платформаҳоро вазифадор мекунад, то худ ва бахшҳояшонро дар он кишвар ба қайд бигиранд.

Дар сурати худдорӣ аз сабтином қонун иҷозат медиҳад, ки платформаҳо дар Қазоқистон баста шаванд. Муаллифони лоиҳа мегӯянд, ҳадаф муҳофизати кудакон аз мағзшӯии интернетӣ аст.

Аммо ба гуфтаи коршиносон, агар лоиҳаи мазкур дар шакли кунунӣ ба иҷро дарояд, озодии баёнро маҳдуд мекунад.

"Меъёрҳои қабулшуда ҳуқуқ ба дастрасӣ ва паҳн кардани иттилоъ, ҳуқуқ ба истифодаи интернетро маҳдуд карда, боиси коҳиши сармоягузорӣ, сустшавии фаъолиятҳои шаҳрвандон ва тиҷорат мешавад. Ҳамчунин ба рушди таблиғот ва савдои электронӣ монеа эҷод мекунад", - омадааст дар изҳороти созмони ҳомии ҳуқуқи "Одилсоз".

XS
SM
MD
LG