Ссылки доступа

Орхан Инандии аз Қирғизистон рабуда шуда гуфт, аз шаҳрвандии Туркия даст мекашад


Муҳокимаи додгоҳии Орхан Инандӣ, зодаи Туркия ва шаҳрванди Қирғизистон рӯзи 16 сентябр дар шаҳри Анкараи Туркия шуруъ шуд. Инандӣ дар ин муҳокима тариқи видеоӣ ширкат кард.

Вай гуфт, ба далели шикастани дасташ, натавонист, ки ба муҳокима омода шавад. Инандӣ барои омода шудан вақти бештар дархост кард. Вай ҳамчунин гуфт, ки додгоҳи Туркия ҳаққи муҳокима ӯро надорад, зеро аз шаҳрвандии Туркия даст кашида, танҳо шаҳрвандии Қирғизистонро дорад.

Додгоҳ ҳукми ҳабси Инандиро бе тағйир ва муҳокимаи навбатиро 23 ноябр эълом кард.

Додситонҳои Туркия барои Инандӣ аз 15 то 22,5 сол зиндон талаб доранд. Ӯро дар "роҳбарии созмони террористии мусаллаҳ" айбдор мекунанд.

Орхан Инандӣ - зодаи Туркия аст, ки соли 1995 ба Қирғизистон рафт ва соли 2012 шаҳрвандии Қирғизистонро дарёфт кард. Вай роҳбари муассисаҳои таълимии "Себат" буд. Шаби 1 июни соли ҷорӣ ӯро рабуданд. Пулиси Қирғизистон бо моддаи "Одамрабоӣ" парванда боз кард.

Рӯзи 5 июл президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон дар як муроҷиат ба сокинони Туркия гуфт, ки мақомоти махсуси Туркия Инандиро ба Туркия овардаанд.

XS
SM
MD
LG