Ссылки доступа

Дар Узбекистон хабарҳо дар бораи рейди навбатии мардони ришдорро рад карданд


Раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд навори гашту гузори мақомоти қудратиро дар маҷмааи тиҷоратии "Малика" шарҳ дод.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд гуфт, навор аз тадбирҳои огоҳсозии мақомот бардошта шуда, ба тарошидани иҷбории риши мардон рабте надорад.

Аммо тоҷирони маҷмааи "Малика"-и шаҳри Тошканд гуфтанд, мақомоти қудратӣ бо ҳадафи рейд ва тарошидани риши мардон ба маҷмаа омада буданд.

"Моро мисли ҷинояткорон ба идораи пулис бурданд ва иҷборан ришамонро тарошиданд", - гуфт як тоҷири маҷмаа.

Ин бори аввал нест, ки дар маҷмааи "Малика" рейди зидди мардони ришдор баргузор мешавад. Ду соли пеш мақомоти қудратӣ даҳҳо марди ришдорро аз ин маҷмаа ба сартарошхонаҳо бурда, иҷборан ришашонро тарошиданд. Ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ интиқодҳои сахти корбарони узбекистониро ба бор овард.

Моҳи феврали соли ҷорӣ тоҷирон дубора аз риштарошии иҷборӣ шикоят карда буданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, иҷборан тарошидани риши мардон поймолсозии ҳуқуқи инсон аст.

XS
SM
MD
LG