Ссылки доступа

Дар Бишкек ҳамоиши занони соҳибкори Қирғизистону Узбекистон баргузор мешавад


Рӯзҳои 21 ва 23 сентябр дар шаҳри Бишкек форуми тиҷории занон таҳти унвони "Муколамаи занони соҳибкори Қирғизистону Узбекистон" баргузор хоҳад шуд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии порлумони Қирғизистон, ин ҳамоиш ба занони раҳбар дар бахшҳои гуногуни иқтисоди ду кишвар имкон медиҳад, ки табодули афкор ва таҷриба карда, ҳамкориҳоро ба роҳ монанд. Интизор меравад, дар ҳамоиш ҳамсари президенти Қирғизистон Ойгул Ҷабборова ва раиси Маҷлиси олии Узбекистон Танзила Норбоева иштирок кунанд.

Ҳамчунин иштирок ва суханронии занони сиёсатмадор аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҳам дар назар аст.

Иштирокдорони ҳамоиш дар доираи чорабинӣ аз минтақаи сайёҳии Иссиқкули Қирғизистон боздид мекунанд.

XS
SM
MD
LG