Ссылки доступа

Қазоқистон дар миёни кишварҳои "ноозод" боқӣ монд


Озодии баён дар Интернет зери фишори бесобиқа қарор дошта, бештари ҳукуматҳо корбаронро барои назарҳои мусоламатомези сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ боздошт мекунанд.

Ин нукта дар гузориши солонаи Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Хонаи Озодӣ (Freedom House) дар бораи вазъи озодии Интернет дар кишварҳои ҷаҳон гуфта шудааст, ки 21 сентябр нашр гашт.

Қазоқистон дар пажӯҳиши нави созмон 33 хол гирифтааст. Интернети кишварҳое, ки аз 39 хол камтар мегиранд, ноозод номида мешавад. Муаллифони гузориш гуфтаанд, ҳукумати Қазоқистон маҳдуд кардани дастрасӣ ба Интернетро дар ҷараёни ҷамъомадҳои осоишта идома дода, барои пок кардани матолиб аз ҳама гуна роҳҳо истифода мебаранд.

Ба гуфтаи онҳо, мақомоти қазоқ соли гузашта 148 филтршиканро масдуд кардаанд. Сомонаи change.org, расонаҳои Meduza ва Kloop дар Қазоқистон ҳамоно дастнорасанд.

Дар гузориши Freedom House омадааст, "амалҳои ахири мақомоти қазоқ хилофи ваъдаҳое ҳастанд, ки президент Қосимҷомарт Тоқаев соли 2019 ҳангоми интихоб шуданаш ба ин мақом дода буд".

Муаллифон Қазоқистонро дар қатори Русия, Беларус, Эрон ва Чин қарор додаанд, ки корбаронро барои навиштаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъқиб ва муҷозот мекунанд.

XS
SM
MD
LG