Ссылки доступа

Омадани "Толибон" ба Кобул вазъи мактаби афғонҳоро дар Душанбе бад кард


Пас аз тағйири ҳукумат дар Афғонистон, тамоми хароҷоти ягона мактаби афғонӣ дар Тоҷикистон бар дӯши хонаводаҳои мактабхонҳо афтодааст.

Аксар хонандагон аз ноҳияҳои атрофи Душанбе буда, дурии роҳ ва афзоиши харҷ боис ба нигаронии волидонашон шудааст.

Намояндагони мактаби "Сомониён" гуфтанд, ҳодисаҳои охир дар Афғонистон ба фаъолияти мактаб ҳам таъсири худро расонд. Мирҷамил Фахризода, муовини мудири мактаб, ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, маблағи иҷораи бино, ки пештар аз сӯи давлати Афғонистон пардохт мешуд, бо суқути ҳукумати пешин, бас гардид.

Мактаби "Сомониён" дар бинои хусусӣ ҷойгир буда, иҷораи моҳонаи он дувуним ҳазор доллар аст. Ҳоло, ки аз ҳукумати "Толибон" чунин маблағ ирсол намешавад, ба қавли масъулони мактаб, то пайдо шудани сармоягузор, ба таври муваққатӣ нархи шартномаи таҳсили хонандаҳо аз 100 сомонии пешина то 150 сомонӣ афзудааст. Маблағе, ки пардохташ барои на ҳама осон аст.

Ҳарчанд таълим дар ин мактаб ба таври маъмулӣ идома дорад, масъулонаш бар ин назаранд, ки бояд сармоягузор пайдо намоянд, то дар пардохти пули иҷора мушкил пеш наояд.

"Масъалаи пули иҷора ё аз ҳисоби давлати Афғонистон танзим мешавад, ё ин ки сафорати Афғонистон тавассути тоҷирони миллии Афғонистон як коре мекунанд. Вале мавзӯи афзоиши шартномаи таҳсил муваққатист. Мо умед ва бовар дорем, ки фаъоияти мактаб ҳамеша идома меёбад", -- гуфт Мирҷамил Фахризода, муовини мудири мактаби "Сомониён".

Бо вуҷуди чунин хушбиниҳо аз ояндаи кори мактаб, тақдири минбаъдаи он ҳанӯз баъзе аз волидони хонандаҳоро нигарон кардааст. Абдулқосим Юсуфӣ, паноҳандаи афғон, аз онҳоест, ки мегӯяд, чаҳор фарзанди мактабхон дорад ва пардохти ҳаққи таҳсилу харҷи роҳ барояш душвор шудааст.

Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду сол пеш бо сабабҳои амниятӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон муҳоҷир шуд. Ҳоло ба монанди аксар афғонҳои дигар дар шаҳри Ваҳдат, воқеъ дар 20-километрии пойтахт, зиндагӣ дорад. Ин шабу рӯз ӯ дар баробари тақдири хешовандонаш дар Афғонистон, аз ояндаи норӯшани таҳсили фарзандон низ нигарон аст.

"Намедонем, тақдири мактаб чӣ мешавад, аммо гуфтанд, ки идома медиҳанд. Худо меҳрубон аст, кош идома диҳанд, то кӯдакони мо бесарнавишту бесавод намонанд", -- афзуд Абдулқосим Юсуфӣ.

Юсуфӣ кори расмие надошта, бо мошини шахсияш гоҳе мусофир мекашонад.

Толибон аҳволи ягона мактаби афғонҳо дар Душанберо бад карданд
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:43 0:00

Ин дар ҳолест, ки ҳафтае пеш сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, талош хоҳанд кард, то дари мактаб барои хонандаҳои афғон боз монад.

Муҳаммад Зоҳир Ағбар ҳангоми як чорабинӣ гуфт, "шумори зиёде аз афғонҳои мо дар ин ҷо кору зиндагӣ доранд. Ҳамчунин худи мактаб то ба ҳол довталабона кор мекунад. Масъала танҳо иҷораи мактаб аст, ки мо талош мекунем онро аз роҳҳои гуногун ба даст биёрем ва дарвозаи мактаб ба рӯйи фарзандони афғонистонии мо боз бошад."

Мактаби "Сомониён" ҳудуди 400 хонанда ва 30 омӯзгор дошта, пардохти ҳаққи хидмати коммуналӣ ва маоши муаллимон аз ҳисоби маблағи шартнома пешбинӣ шудааст. Бино ба маълумоти раҳбарияти мактаб, омӯзгорон ҳудуди 700-900 сомонӣ маош мегиранд.

Таҳсил дар ин мактаб бо хатти форсӣ, бар асоси барномаи таълими Афғонистон, сурат мегирад. Баъзе аз фарзандони афғонҳои муқими Тоҷикистон дар мактабҳои дигар низ таҳсил мекунанд, аммо дар оғози таҳсил надонистани хатти сириллик ё кириллӣ яке аз мушкили онҳо будааст. Дар мактаби "Сомониён" гуфтанд, ки дар соли нави хониш аз ҳисоби он паноҳҷӯёни афғон, ки дар пайи ҷангҳои ахири кишварашон нав вориди Тоҷикистон шуданд, хонанда қабул намудаанд.

Буҳрони Афғонистон аз моҳи майи имсол, пас аз он шиддат ёфт, ки Амрико ба берун бурдани нерӯҳояш оғоз кард. Дар пасманзари берун рафтани нерӯҳои НАТО, "Толибон" фаъол шуданд ва аксар хоки Афғонистонро гирифтанд. Ҳоло онҳо ҳукумате таъсис доданд, ки ҳанӯз ба расмият шинохта нашудааст.

Дар авҷи ҷангҳои чанд моҳи охир дар ин кишвар садҳо паноҳҷӯи афғон вориди Тоҷикистон шуданд. Ҳарчанд бахше аз онҳо бозпас гардонида шудаанд, теъдоде дар кишвар монданд.

XS
SM
MD
LG