Ссылки доступа

Бонки миллии Қирғизистон гуфт, тилои "Қумтор"-ро намехарад


Бонки миллии Қирғизистон гуфт, дар мавриди харидории тилои кони "Қумтор"-и ин кишвар бо ширкати "Қумтор Голд Компанӣ" қарордод набастааст.

Пештар мудири берунии ширкат Тенгиз Болтурук гуфта буд, ки аз ин пас тилоҳои "Қумтор"-ро Бонки миллии Қирғизистон мехарад.

Вазъ атрофи бузургтарин кони тилои Қирғизистон - "Қумтор", ки аз сӯи ширкати хориҷии "Сентерра" коркард мешуд, моҳи майи соли равон якбора бад шуд. Қирғизистон ширкати мазкурро дар нақзи қонунгузории муҳити зист айбдор карда, миллионҳо доллар ҷуброн хост. Ҳамчунин дар ширкат мудирияти берунӣ таъйин карда шуд.

Мақомоти қирғиз дар пайи таъйини мудири берунӣ гуфтанд, минбаъд тилои кон ба хориҷ содирот намешавад ва онро Бонки миллии ин кишвар харидорӣ хоҳад кард.

"Кумтор Голд Компанӣ", ки бо истихроҷи коркарди тило дар "Қумтор" машғул аст, нашри ҳисоботҳо дар бораи ҳаҷми истихроҷро қатъ кард.

XS
SM
MD
LG