Ссылки доступа

Дар Берлин дар бораи равонпизишкии бераҳмонаи Узбекистон гузориш нашр шуд


Ба беморхонаҳои касалиҳои равонӣ иҷборан ҷо додани фаъолони маданӣ дар Узбекистон бо ҳадафи хомӯш сохтани садои онҳо дар давраи президентии Шавкат Мирзиёев низ мушоҳида мешавад.

Дар гузорише, ки рӯзи 21 сентябр дар Олмон аз сӯи гуруҳи ҳомии ҳуқуқи "Форуми узбекӣ" нашр шуд, аз ҳафт ҳодисаи марбут ба иҷборан дар беморхонаи касалиҳои равонӣ ҷо додани мунтақидони ҳукумати Узбекистон ёд шудааст.

Умида Ниёзова, яке аз роҳбарони "Форуми узбекӣ" мегӯяд, дар воқеъ чунин ҳодисаҳо зиёд аст.

"Мо ҳодисаҳои зиёдеро омӯхтем. Охирини онҳо марбут ба соҳибкор Давид Багманян аст. Баъди тахриби ду иморати марбут ба хонаводааш дар соли 2019 вай ба Қабулгоҳи мардумии президент шикоят бурд. Баъди ин соҳибкорро бо дастури ҳокими маҳаллӣ ба беморхонаи касалиҳои равонӣ фиристоданд. Соҳибкорро як моҳ дар беморхона нигаҳ доштанд. Ба ин тартиб, хостанд, ки даҳони ӯро пӯшанд", - гуфт Ниёзова.

Ҳомиёни ҳуқуқ, ба ин тартиб аз 7 ҳодиса ёд мекунанд. Ба гуфтаи ин ҳомиён, дар давраи президентии Ислом Каримов дар Узбекистон чунин таҷрибаҳо зиёд мушоҳида мешуд.

"Барои мисол, Елена Урлаеваро 18 маротиба ба беморхонаи касалиҳои равонӣ фиристоданд", – гуфт Умида Ниёзова.

Дар замони шӯравӣ муҷозоти равонӣ нисбати сиёсатмадорони мухолиф истифода мешуд.

XS
SM
MD
LG