Ссылки доступа

Фаъолони Туркманистон аз Созмони тандурустӣ хостанд, барои эътирофи коронавирус ба ҳукумати он кишвар фишор орад


Ҷомеаи шаҳрвандии Туркманистон аз Созмонҳои ҷаҳонии тандурустӣ хост, барои эътирофи мавҷудияти вабои коронавирус дар Туркманистон ба ҳукумати он кишвар фишор орад.

Муаллифони нома гуфтаанд, ҳукумати Туркманистон то ин замон мавҷудияти вабои коронавирусро дар кишвар рад ва теъдоди маргу мир аз ин ваборо пинҳон медорад. Ба иттилои муаллифон, беморхонаҳои Туркманистон аз гирифторони вабо пур шудаву бисёрии одамон маблағе барои табобат надоранд.

Ба бовари муаллифон, пинҳон доштани мавҷудияти вабо боиси бештар шудани хатари вабо гардидааст.

Ҳукумати Туркманистон борҳо эълом доштааст, ки дар ин кишвар вабои коронавирус нарасидааст. Расонаҳо, баракс, менависанд, вабои COVID-19 дар Туркманистон мавҷуд аст, ва теъдоди зиёди одамон аз ин вабо фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG