Ссылки доступа

Ҳавопаймои "British Airways" баъди парвоз аз Исломобод маҷбур шуд, дар Тошканд фуруд ояд


PAKISTAN -- A British Airways flight arrives at Islamabad Airport in Islamabad, June 3, 2019

Ҳамопаймои ширкати "British airways", ки аз шаҳри Исломободи Покистон ба шаҳри Лондон парвоз мекард, маҷбур шуд дар Узбекистон фуруд ояд.

Дар ин бора як масъули фурудгоҳи шаҳри Тошканд ба РИА Новостӣ хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, ба фуруди изтирории ҳавопаймои Бритониё фавти як мусофир сабаб шудааст.

Мусофирони боқӣ дар яке аз толорҳои фурудгоҳи Тошканд ҷойгир шуда, мунтазири парвоз ба Лондон ҳастанд.

Дар фурудгоҳи Тошканд гуфт, ки мусофир бар асари сактаи қалбӣ ҷон додааст. Шаҳрванди кадом кишвар будани ин зан гуфта намешавад.

XS
SM
MD
LG