Ссылки доступа

Озодии садҳо кас аз зиндонҳои Тоҷикистон. Қонуни нави афв ба иҷро даромад


Гуруҳи аввалини маҳбусон бар асоси қонуни афв рӯзи 21-уми сентябр аз зиндони Ёвон ва маҳбаси занони Норак озод шудаанд. Қонун дар бораи афв бахшида ба 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон қабул шуд.

Дар назар аст, то ду моҳи оянда беш аз 10 ҳазор нафар аз зиндону боздоштгоҳҳо озод шуда, ҷазои қариб 6 ҳазор каси дигар кам карда шавад.

Масъулони ҳукумати ноҳияи Ёвон 22-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, як рӯз пеш 605 нафарро аз зиндон раҳо карданд.

Як маҳбуси зиндони занонаи Норак гуфт, рӯзи гузашта ӯ ва даҳҳо зани дигарро бар асоси қонуни афв озод карда, дар шаҳри Душанбе ба дасти пайвандонаш супурданд.

Масъулони зиндони шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон, гуфтанд, рӯзи гузашта чанд нафар аз маҳбусонро озод карданд, вале шумораи онҳо дақиқ нест.

Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ ё Идораи зиндонҳои Вазорати адлия ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, то ду рӯзи оянда озод кардани зиндониён аз маҳбаси маъруф ба "Якум Советский"-и Душанбе ҳам оғоз мешавад.

Қонун дар бораи афв 6-уми сентябри имсол аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон қабул шуд.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон, 22-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, қонуни афв 8-уми сентябр аз сӯи раиси ҷумҳурӣ имзо шуда, 9-уми сентябр дар матуботи давлатӣ нашр ва аз он замон ба иҷро даромадааст.

Қонуни афв нисбат ба 16 ҳазор кас татбиқ хоҳад шуд. Аз ҷумла, беш аз 10 ҳазор нафар аз зиндону боздоштгоҳҳо озод шуда, гуноҳи қариб 6 ҳазори дигарро кам мекунанд.

Бар асоси қонуни афв, занон, шахсони ноболиғ, мардони аз 55-сола боло, маъюбони гуруҳҳои 1, 2, 3, шахсони дорои гирифтори бемориҳои вазнин, афроде, ки мукофоти давлатӣ доранд ва шахсони хориҷӣ аз адои ҷазо озод карда мешаванд. Вале дар ин миён онҳое, ки ҷурмҳои сангин содир кардаанд, аз ҷумла “хиёнат ба давлат” ва ё “бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият”, шомили қонуни афв нахоҳанд шуд.

Соли 2019 ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон низ қонуни афв қабул шуда, 20 ҳазор нафарро фаро гирифта буд. Он замон иддае аз вуҷуди мавридҳои фасод ҳангоми татбиқи қонуни афв ва бархе аз зиндониёни озодшуда аз набудани ҷойи кор шикоят доштанд.

XS
SM
MD
LG