Ссылки доступа

Эрдуғон гуфт, баъди хариди низоми мушакии русӣ муносибати ИМА бо Туркия бад шудааст


Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия рӯзи 23 сентябр дар шаҳри Ню-Йорки ИМА гуфт, самти кунунии муносибатҳои амрикоиву туркӣ "хушиеро ба бор намеорад".

Эрдуғон афзуд, муносибатҳои Анкара бо ҳукумати президенти нави ИМА Ҷо Байдне "аз қадамҳои дуруст шуруъ нашуданд". Вай гуфт, агар ИМА, ҳамчун узви НАТО ба Туркия дар амри тақвияти ниёзҳои мудофиааш кӯмак нарсонад, Туркия метавонад, ба кишварҳои дигар муроҷиат кунад.

Нашрияи туркии Haberturk бо нақли қавл кардани суханони Эрдуғон навишт, ки мушкилӣ дар муносиботи ду кишвар мумкин аст, дар пайи норизоии Вашингтон аз хариди низоми зиддимушакии С-400-и русӣ аз сӯи Туркия, сар зада бошад.

"Ман наметавонам, бигӯям, ки дар муносиботи Туркияву ИМА раванди солим идома дорад", - гуфт Эрдуғон дар суҳбат бо рӯзноманигорон дар қароргоҳи ИМА дар шаҳри Ню-Йорк.

Ҳукумати Доналд Трамп, президенти пешини ИМА баъди аз сӯи Туркия хариди низоми зиддимушакии русӣ, нисбати Анкара таҳрим ҷорӣ кард.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, низоми зиддимушакии С-400 ба ҳавопаймоҳои F-35 хатар эҷод мекунад. F-35 аз сӯи НАТО ва ИМА истифода мешавад. Ин ҳавопаймоҳо дар Туркия низ истеҳсол мешаванд.

XS
SM
MD
LG