Ссылки доступа

Русия барои ҳар як кудаки таваллудшудаи муҳоҷирон дар Москва 20 ҳазор рубл медиҳад


Шаҳрдории Москва барои ҳар як фарзанди таваллудшудаи муҳоҷирони корӣ дар пойтахти Русия 20 ҳазор рубл медиҳад. Ба иттилои "Readovka", солона аз буҷаи Москва барои ин навъи пардохтҳо 700 млн рубл харҷ мешавад.

Рӯзноманигорони расона дар таваллудхонаҳои пойтахти Русия навиштаҳоеро дар бораи пардохти 20 ҳазор рубл барои ҳар як кудаки муҳоҷир бо забонҳои гуногуни хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ, озарӣ, ветнамӣ, тоҷикӣ, дарӣ, узбекӣ, туркманӣ, қазоқӣ ва қирғизӣ мушоҳида кардаанд.

Error rendering VK.

Шаҳрдории Москва моҳи феврали соли 2020 дар сомонаи расмии худ қарореро нашр кард, ки бар асоси он, ба волидони тифлҳои навзод дар таваллудхонаҳои пойтахти Русия 20 ҳазор рубл ва туҳфа дода мешавад.

Дар сурати таваллуд шудани ду тифл ва ё зиёда аз он ҳаҷми кумакпулӣ сари ҳар як кудак ҳисоб карда мешавад.

XS
SM
MD
LG