Ссылки доступа

Дар Русия соҳиби корхонаеро зиндонӣ карданд, ки боиси марги 11 узбекистонӣ шуд


Додгоҳи шаҳри Асинови вилояти Томски Русия шаҳрванди Чин ва мудири ширкати "Грин Вуд" Сун Анниро дар риоя накардани талаботи зидди сухтор айбдор донист.

Дар як оташсӯзӣ дар моҳи январи соли 2020 12 коргари ин ширкат, аз ҷумла 11 шаҳрванди Узбекистон фавтида буд.

Додгоҳ Анниро ба 4 соли зиндони маскунӣ маҳкум кард.

Оташсӯзӣ дар бинои якошёнаи чӯбин дар шаҳраки "Причулимск"-и ноҳияи Асинов шаби 21 январи соли 2020 рух дод.

Губернатори вилояти Томск Сергей Жвачкин он замон гуфта буд, ки бино барои истиқомат пешбинӣ нашуда буд. Сун Анни, мудири ширкат баъди панҷ рӯзи ҳодиса боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG