Ссылки доступа

Тоҷикистон як шаҳрванди Қирғизистонро боздошт кардааст


Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 26 сентябр сокини деҳаи Жаштики ноҳияи Лайлаки Қирғизистон Урозбек Мирзоевро боздошт кардаанд.

Ба огаҳии Хадамоти марзбонии Қирғизистон, шаҳрванди ин кишвар, соли таваллудаш 1995 ҳамроҳи ҳамсараш, ки ӯ ҳам қирғизистонӣ аст, ҳангоми сафар ба як деҳаи Тоҷикистон дар мусофирбари масири "Хуҷанд-Конибодом" дастгир карда шудааст.

Манбаъ афзуда, ки қарор аст раҳбарони идораҳои марзбонии вилоятҳои Бодканди Қирғизистону Суғди Тоҷикистон бо ҳам мулоқот карда, "қонунӣ будани боздошти сокини ноҳияи Лайлак ва баргардонидани ӯ ба ватанро баррасӣ кунанд".

Дар ҳамин ҳол аз ҳукумати вилояти Бодканд хабар доданд, ки гуфтугӯи ҷонибҳо аллакай оғоз шуда, раҳбарони вилоятҳои ду кишвар суҳбати телефониеро дар ин замина анҷом додаанд.

Ҷониби Тоҷикистон то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG