Ссылки доступа

Намояндаи Қазоқистон бо вазири "Толибон" мулоқот кард, вале аз гуруҳ ном набурданд


Алимхон Есенгелдиев, сафири Қазоқистон дар Афғонистон, рӯзи 26-уми сентябр бо вазири корҳои хориҷии "Толибон", Амирхон Муттақӣ, дар Кобул мулоқот кардааст.

Матбуоти маҳаллӣ навишт, ин тамоси нахустини мансабдори баландпояи Қазоқистон бо узви ҳукумати "Толибон" аст. Гуруҳе, ки фаъолияташ дар он кишвар мамнуъст.

Дар хабарномаи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон низ номи гурӯҳи "Толибон" зикр нашуда, Муттақиро "иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии ҳукумати муваққатии Афғонистон" ном бурдаанд. Муттақӣ дар ҳукумати пешинаи "Толибон" (солҳои 1996-2001) вазири иттилоот ва фарҳанг буд ва номаш дар "рӯйхати сиёҳ"-и Созмони Милал маҳфуз аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, ҷонибҳо "масъалаи таъмини ғизо ва ёриҳои дигари башардӯстонаро ба мардуми Афғонистон" баррасӣ кардаанд.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, ҳангоми суҳбат дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе (17-уми сентябр) хоҳони ташкили як марказ барои интиқоли ёриҳои башардӯстона ба Афғонистон шуда буд. Тоқаев гуфт, Қазоқистон омода аст, ин марказро дар шаҳри Алмато ташкил кунад.

Тибқи иттилои Оҷонси омори Созмони Милал, Қазоқистон дар соли 2019 ба Афғонистон ба маблағи 400 миллион доллар орду ғалла содирот кардааст. Ҳафтаи гузашта вазири кишоварзии Қазоқистон гуфт, кишвараш содироти гандуму ордро ба Афғонистон идома медиҳад.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар хабарномааш гуфт, раҳбари сиёсати хориҷии "Толибон" омодагии ҳукумати навро барои ба роҳ мондани муносибати хуб бо кишварҳои минтақа ва "пешгирӣ аз ҳар гуна таҳдид ба амнияти онҳо" баён доштааст.

"Толибон" дар нимаи моҳи августи имсол назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт. Аз он замон то кунун кишварҳо дар эътирофу ба расмият шинохтани ин гуруҳ ҳамчун ҳокими нави Афғонистон ба мушкил дучор шудаанд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо Афғонистон ҳаммарзанд, дар навбати худ аз таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистон ва эҳтимоли сарозер шудани ҳазорҳо паноҳҷӯ нигарон ҳастанд. Намояндагони "Толибон" гуфтаанд, ба ҳамсояҳо таҳдиде вуҷуд надорад.

Ҳафтаи гузашта ду намояндаи баланлдпояи Қирғизистон низ дар Кобул бо раҳбарияти "Толибон" мулоқот ва ҳамкориҳоро баррасӣ карданд. Узбекистон аз ташкили ҳукумати "Толибон" истиқбол карда, ба Афғонистон ёрӣ фиристодааст.

Тоҷикистон ягона ҳамсояи Афғонистон аст, ки мухолифати худро бо "Толибон" ба таври ошкор баён кардааст. Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибдори ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон аст, ки дар он тоҷикон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG