Ссылки доступа

Валентина Чупик: Қазияи ман аз Каромат Шарифов ва Иззат Амон фарқ дорад


Валентина Чупик

Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, Валентина Чупик, шаби сеюм аст, ки дар боздоштгоҳи муваққатии фурудгоҳи Шереметевои Маскав нигаҳ дошта мешавад.

Раиси 48-солаи созмони "Тонг ҷаҳони" ("Субҳи ҷаҳон") ҳангоми бозгашт аз Арманистон дар фурудгоҳ дастгир шуд. Ба ӯ санаде додаанд, ки бар асоси он аз мақоми паноҳанда дар Русия маҳрум гардида, давоми 30 соли оянда ҳақ надорад, ба Русия ворид шавад. Эҳтимол ӯро ба Узбекистон мефиристанд, ҷое, ки соли 2006 баъди фишору азиятҳои мақомоти қудратии ҳукумати Ислом Каримов фирор карда буд.

Валентина Чупик рӯзи 27-уми сентябр дар суҳбати телефонӣ аз ҳуҷраи тавқифгоҳи фурудгоҳи Шереметево ба суолҳои Радиои Озодӣ посух дод.

Радиои Озодӣ: Валентина, имрӯз хабари наве доред?

Валентина Чупик: Хабар зиёд аст. Ба ман қувваи телефон, ноутбук ва либоси гарм оварданд, то хунук нахӯрам.

Радиои Озодӣ: Инро кӣ овард?

Валентина Чупик: Ҳамкоронам. Бо марзбонон машварат кардам, ҳамкоронам низ бо онҳо дурудароз дар тамос буданд. Хабари бад ҳам дорам. Ба “дача”-е, ки моликияти ман аст, 8 маъмури полис ва як шахси мулкипӯш зада даромадаанд. Ин мард худро полковники ФСБ муаррифӣ кардааст. Дар онҷо модари танҳои 85-солаи ман меистад ва як ҳамсояамон нигоҳубин мекунад. Ҳамсоя ҳоло дар кор аст. Онҳо аз модарам санад пурсида, дар хона кофтукоби ғайриқонунӣ ташкил карданд. Бисёр метарсам, ки ягон чиз напартоянд. Тавре мефаҳмам, онҳо мехоҳанд, нисбат ба ман протоколе тартиб дода, ба он муттаҳам кунанд, ки дар суроғаи берун аз сабтином зиндагӣ мекунам. Аз тарафи ман ҳеч қонуншиканӣ нашудааст, дар ин “дача” аз шоми ҷумъа то субҳи душанбе зиндагӣ мекунам.

Радиои Озодӣ: Вақти дигар дар шаҳри Маскав ҳастед?

Валентина Чупик: Дар Маскав дар нишоние зиндагӣ мекунам, ки онҷо сабтином шудаам. Ҳоло мехоҳанд, нисбат ба ман иттиҳоми тақаллубии нақзи муқаррароти будубош бисозанд, дар ҳоле ки қонунро вайрон накардаам.

Радиои Озодӣ: Чӣ фикр мекунед, оё дар пушти қазияи Шумо мақомоти Русия истодаанд ё Узбекистон?

Валентина Чупик: Бовар дорам, ки ман мақомдорони Русияро асабонӣ мекардам, дурусттараш сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро. Сабабаш ҳам ин ки аз муҳоҷирон ҳимоят мекардам. Ба ман дар шаби аввали бозпурсӣ корманди ФСБ рӯйирост гуфт, “бо ин рафторе, ки доштед, боз чӣ мехостед? Шумо фаъолона нақл мекунед, ки дар ВКД фасоди доимӣ вуҷуд дорад. Ҳамеша аз болои полис шикоят мекунед, онҳо ҳам аз рӯйи Шумо шикоят мекунанд. Мо наметавонистем чораҷӯӣ накунем”. Ин чиз дақиқ аст. Дар робита бо Узбекистон, намедонам. Мавқеи расмии онҳо дастрас нест. Вале дар шабакаҳо хурсандии шахсоне дида мешавад, ки онҳоро намешиносам. Якеашро каме мешиносам, ӯ зоҳиран аз СНБ (Хадамоти амнияти миллии Узбекистон) аст. Шояд корманди ғайриштатӣ аст. Ӯ бо ҳаяҷон навиштааст: “Хайрият. Билохира ба Узбекистон... (ихроҷ мешавад). Пешвоз мегирем. Гусел мекунем. Кайҳо буд дар таҳхона нанишаста буд.”

Радиои Озодӣ: Ҳоло дар Узбекистон интихоботи президентӣ ҷараён дорад ва Шавкат Мирзиёев номзади асосӣ аст. Шумо дар мусоҳиба бо “Настоящее время” гуфтед, ки соли 2016 қудрат дигар шуд ва умед барои тағйир ёфтани вазъ ба вуҷуд омад...

Валентина Чупик: Ман умедвор будам, вале мутмаин нестам, ки бозгашт барои ман амн бошад. Мутмаин нестам. Ба назари ман, мақомоти Узбекистон аз Русия бисёр вобаста ҳастанд. Ва СНБ ҳамчун бародари хурдии ФСБ тамоми талошашро ба харҷ медиҳад, ки оянда надошта бошам.

Радиои Озодӣ: Ҳамкоронатон ба дидор бо Шумо иҷоза доранд?

Валентина Чупик: На.

Радиои Озодӣ: Бо назардошти вазъияте, ки доред, амали баъдии Шумо чӣ мешавад?

Валентина Чупик: Ман коре карда наметавонам, чун маҳкам ҳастам. Умеди ман ба кори вакилонам аст, ки дар кишвари сеюм барои ман имкони паноҳгоҳ меҷӯянд. Ба ёрии созмони Front Line Defenders умеди зиёд дорам, онҳо барои берун бурдани ман музокира барпо кардаанд. Вале мегӯянд, азбаски тамоми санадҳои маро мусодира кардаанд, дарёфти санади якдафъаина вақти зиёд мегирад. Ин як ҷараёни бисёр тӯлонии бюрократӣ аст. Ҳоло онҳо дар фикри берун баровардани модарам ҳастанд ва ман бисёр метарсам, ки ӯро дар ин ҷо танҳо гузорам. Бисёр метарсам.

Радиои Озодӣ: Мебахшед, модаратон рӯйи ҷойгаҳанд?

Валентина Чупик: Остеопароз дорад, гурдаҳояш дард мекунад. Ӯ танҳо бо ёрии асобағал 5 метрро то ошхона ё дастшӯӣ рафта метавонаду бас. Дар дасташ чизеро дошта наметавонад.

Радиои Озодӣ: Валентина, пеш аз он ки ба ин ҳол афтодед, мо шоҳиди қазияҳои Каромат Шарифов ва Иззат Амон, ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия будем. Шумо ба фаъолияти онҳо нигоҳи танқидӣ доштед. Ҳоло, ки дар ин вазъият ҳастед, оё қазияҳои онҳову худро натиҷаи як барномаи муштарак нисбат ба ҳомиён ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия арзёбӣ мекунед?

Валентина Чупик: Бале, ман аз онҳо танқид мекардам. Каромат Шарифов ба мақомот ба он хотир хуш наомад, ки талош кард, фаъолияти сиёсӣ кунад.

Радиои Озодӣ: Манзуратон мақомоти Тоҷикистон?

Валентина Чупик: Мақомоти Русия. Ӯ соли 2017 ҳамроҳ бо Иззат Амон гуё ба сабаби онки як шаҳрванди Тоҷикистонро куштаву ба ахлоттӯда партофтаанд, одамонро дар бозори "Люблино" ба эътироз бароварданд. Дар асл он шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шуда, дар беморхона буд. Дар натиҷа, даҳҳо ҳазор нафар аз Русия ронда шуданд. Баъди ин, Каромат Шарифовро аз кишвар берун карданд. Сипас навбати Иззат шуд. Ӯ талош кард, як ҳизби муҳоҷиронро ташкил кунад, яъне ба сиёсат рӯ оварданӣ шуд. Ба фарқ аз Каромат, (боздошт ва ихроҷи) Иззат Амонро Тоҷикистон талаб карда буд. Ман ҳамингуна мефаҳмам, албатта, ҷузъиётро намедонам.

Радиои Озодӣ: Пас, метавонед, ин се қазияро ба як парванда муттаҳид кунед, яъне “таъқиби фаъолони ҳуқуқ дар Русия”?

Валентина Чупик: На, ин хел нест, ин дуруст нест. Ҳамаи мо бо як сабаб – халал расондан ба мақомот – ба ин ҳол афтодем. Ин (таъқиб) на зидди ҳомиёни ҳуқуқ ва на зидди ҳомиёни муҳоҷирон, ин алайҳи соҳаест, ки Русия онро мавриди пурраи назари худ меномад. Эҳтимол маро ба ҳайси як шахсияти сиёсӣ арзёбӣ мекарданд, ҳарчанд ҳеч гоҳ ба сиёсати Русия кор надоштам ва танҳо ба сиёсати муҳоҷират таваҷҷӯҳ доштам. Ба назари ман, ба ман ҳамчун як душмани сатҳи сиёсӣ нигоҳ мекарданд ва ба ҳамин хотир аз ман ҳам халос шуданд. Вале ин ба он маъно нест, ки аз ман мисли Каромату Иззат халос шуданд. Ин қазияи дигар аст. Қиссаҳои дигаре ҳаст, ки дар он шахсоне ба монанди маро ва ё афроди бешаҳрвандиро берун карданд ва саргузаштҳои онҳо ба ман монанд аст.

Радиои Озодӣ: Шумо ба Татяна Локшина ва Human Rights Watch муроҷиат кардед?

Валентина Чупик: Бале, онҳо ба ман як адвокат доданд, ки бо кори ман машғул аст, вале иҷоза надоданд, ки маро бубинад. Онҳо ариза дода, алайҳи ихроҷи ман дархост фиристоданд. Ба Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал ва Комиссариати олии паноҳандагони СММ муроҷиат карданд.

Радиои Озодӣ: Шароити нигаҳдории Шумо чӣ гуна аст? Танҳоед ё касе ҳамроҳатон нигаҳдорӣ мешавад?

Валентина Чупик: На, ман танҳо ҳастам. Дар утоқе, ки тахминан 2,5 ба 8 метр андоза дорад, се кат ҳаст. Як души хурд, ҳоҷатхона дорад. Оина нест, ҳавои утоқро тоза намекунанд ва нафасгир аст. Гоҳе бӯи сигор меояд, ҳарчанд намедонам аз куҷо. Хӯрок меоранд. Хушмазза нест, вале зиёд аст ва барои ҳамаашро хӯрдан фурсат намеёбам. Аз таъмини ғизо шикоят надорам. Аҳволам шаби аввал хуб набуд, чунки чароғи утоқро рӯшан нигоҳ медоштанд ва нури он хеле баланд аст. Чашмонам хеле дард кард ва субҳи дирӯз бори аввал куштанд. Баъд боз гирондаву бо хоҳиши ман куштанд. Ҳоло ҳамааш хуб аст.

Радиои Озодӣ: Муносибаташон хуб аст?

Валентина Чупик: Бале, кормандонашон хеле боодоб ҳастанд. Онҳоро даъват кардан душвор аст, вале дағаливу бадрафторӣ намекунанд. Ёрӣ мекунанд, як фаррошро ҳам даъват карданд, чунки вақте ба ин хона дароварданд, ифлос буд.

XS
SM
MD
LG