Ссылки доступа

Олмон: роҳбарони ду ҳизб барои ҳаққи ташкили ҳукумат талош доранд


Лидеры трёх ведущих партий - СДПГ, Зелёных и ХДС - на дебатах
Лидеры трёх ведущих партий - СДПГ, Зелёных и ХДС - на дебатах

Дар Олмон баъди ҳисоби овозҳои интихоботи порлумон раисони ҳизбҳои пешсаф муколамаи ибтидоӣ барои ташкили ҳукумати навро шуруъ карданд.

Дар интихоботи рӯзи 26-уми сентябри Олмон SPD ё Ҳизби сотсиал-демократ аз ҳизби ҳокими Ангела Меркел пеш гузашт. Бино бар натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонии Олмон, ки 27-уми сентябр нашр шуданд, ҳамакнун сотсиал-демократҳои ғолиб ва ҳам иттиҳоди ҳизбҳои росту марказгарои зери назари Меркел (Иттиҳоди масеҳиёну демократҳои Олмон ва Иттиҳоди иҷтимоии масеҳиёни Бавария) иддао карданд, ки ҳақ доранд ҳукумати баъдиро ташкил кунанд.

Фарқи миёни овозҳои бадастовардаи онҳо калон нест. То замони ташкил шудани ҳукумати нави Олмон садри аъзам Ангела Меркел ба иҷрои вазифаҳои худ дар ин мақом идома медиҳад. Ба эҳтимоли зиёд, ҳукумати баъдии Олмон аз се нирӯи сиёсӣ, ба шумули ҳомиёни муҳити зист ва “Демократҳои озод” сохта хоҳад шуд.

Бино бар натиҷаҳои пешакие, ки Комиссиюни федеролии интихоботҳо нашр кард, SPD 25,7 дарсади овозҳоро ба даст овардааст ва яке аз раҳбарони он Олаф Шолтс имкон дорад ба курсии садри аъзами Олмон даст ёбад. Ӯ гуфт, ки ҳизбаш дар фикри эҷоди як ҳукумати “коромаду хубе” хоҳад шуд. Ангела Меркел баъди 16 соли кор дар мақоми раҳбари ҳукумати Олмон аз сиёсат канор меравад.

XS
SM
MD
LG