Ссылки доступа

Як низомии Узбекистон дар марз бо Афғонистон кушта шудааст


Як низомии Узбекистон дар тирпарроние дар марз бо Афғонистон кушта шудааст. Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар мулоқот бо интихобкунандагон дар Намангон иттилоъ додааст.

Ба иттилои саҳифаи "Нигоҳ" дар паёмрасони Telegram, низоъ рӯзи 26 сентябр, замони талоши убури қочоқчие аз Афғонистон ба Узбекистон рух додааст.

"Дирӯз талоши убури марзи давлатӣ сурат гирифт. Қочоқчие мехост, убур кунад. Аммо мавқеи мо дар мавриди ҳифзи ҳудудамон бетағйир аст, ҳангоми зарурат марзамонро бо силоҳ ҳифз мекунем. Яке аз сарбозони мо қаҳрамонона фавтид. Вай фарзанди ин сарзамин - Намангон буд", - гуфт Мирзиёев.

Ҳукумати "Толибон", ки як моҳи пеш Афғонистонро ғасб кард, эълом дошт, ки ин кишварро аз маводи мухаддир пок мекунад.

XS
SM
MD
LG