Ссылки доступа

Аз президенти Қазоқистон хостанд, ҳузури рӯзноманигоронро дар ҷаласаҳои порлумону ҳукумат иҷозат диҳад


Ҷомеаи рӯзноманигории Қазоқистон аз президенти он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев даъват кард, ки дастрасии дубораи рӯзноманигоронро ба бинои ҳукумату порлумон барқарор кунад.

Муаллифони номаи дастаҷамъӣ менависанд, шуруъ аз 27 сентябр дар Қазоқистон баргузории ҷамъомадҳо бо ҳузури одамони зиёд иҷозат шудааст. Аммо барои рӯзноманигорон ва кормандони расонаҳо тағйироте нест. Муаллифон навиштаанд, ки порлумони ҳукумат мисли пешин баста ҳастанд ва дар ҷаласаҳои онлайнӣ рӯзноманигорон на ҳамеша имкони суолу ҷавоб доранд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дархостҳои рӯзноманигорӣ бештари вақт бе посух мемонанд.

"Вазъи баамаломада ҳуқуқҳои касбии мо ва дастрасии ҷомеа ба иттилоъро маҳдуд мекунад", - омадааст дар нома.

Зери ин нома рӯзноманигорон, кормандони дигари расонаҳо ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ имзо гузоштаанд.

Алексей Тсой, вазири ҳифзи тандурустии Қазоқистон рӯзи 27 сентябр гуфт, ба зудӣ дархости рӯзноманигорон дар бораи дастрасӣ ба биноҳои ҳукумат ва порлумон баррасӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG