Ссылки доступа

Фаъоли қазоқ дар арафаи тазоҳуроти эҳтимолии ронандагон ҳабс шуд


Фаъоли тазоҳуроти ронандагони мошинҳои боркаш дар Қазоқистон Абдураҳим Бейсен дар арафаи эътирози эҳтимолӣ 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ шуд.

Додгоҳи шаҳри Чимкенти Қазоқистон Бейсенро ба "ташкили тазоҳурот" ва "итоат накардан ба корманди пулис" айбдор донистааст.

Беш аз даҳ фаъоли мадании қазоқ шаби 28 сентябр ба назди боздоштгоҳ рафта, раҳоии Бейсенро талаб карданд.

Ҳабси Бейсен дар ҳоле сурат мегирад, ки ронандагони мошинҳои боркаш тасмим доштанд, 30 сентябр дар Чимкент тазоҳурот кунанд.

Абдураҳим Бейсен тобистони соли равон дар ҷараёни тазоҳуроти ронандагони мошинҳои боркаш дастгир шуда буд.

Рӯзи 31 майи имсол ронандагони шаҳри Чимкент зидди пулакӣ шудани роҳҳо эътироз карда буданд. Дар вилояти Оқтеппаи он кишвар ҳам 11 ронанда зидди пулакӣ шудани роҳҳо эътироз карданд.

Эътирози ронандагони мошинҳои боркаш дар Қазоқистон 30 май баъди он оғоз шуд, ки ширкати "КазАвтоЖол" гуфт, мақомот мехоҳанд, 5,8 ҳазор километр роҳро пулакӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG