Ссылки доступа

Ба Иззат Амон 9 сол зиндон талаб кардаанд


Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон ба Иззат Амон, ҳомии боздоштшудаи муҳоҷирон, 9 сол зиндон талаб кардааст. Ӯро ба "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" гумонбар медонанд.

Ин дар ҳолест, ки Котиботи Додгоҳи Душанбе ҳафтаи гузашта гуфта буд, пас аз пардохти "1 миллиону 90 ҳазор рубл ва 1000 доллари даъвогарон" муҳокимаи Иззат Амон ба поён расида, номаш ба афв пешниҳод шуд. Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ҳафт моҳ ба ин сӯ дар боздоштгоҳ аст.

Як манбаъ дар Додгоҳи пойтахт 29-уми сентябр гуфт, талаби додситон Абдулмуъмин Кабирзода ду рӯз пеш садо дод ва пас аз он додрас ба хонаи машваратӣ рафт.

"Барои шомил шудани гумонбар ба қонуни афв ин марҳила ҳатман бояд тай шавад. Додситонии кул парвандаро баррасӣ карда, ҷазо хост. Додгоҳ ҳукмро содир карда, сипас, қонуни афвро татбиқ хоҳад намуд", -- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Моддае, ки Иззат Амон ба он гумонбар аст, шомили афв мешавад. Пайвандонаш гуфтанд, бо вуҷуди он ки бо ҳамаи даъво ба зидди Иззат Амон розӣ нестанд, ба хотири раҳоии ӯ пулро супурданд ва мунтазири озодияш ҳастанд.

Иззат Амон, раиси созмони "Маркази тоҷикон" дар Маскав, 25-уми марти имсол аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва сипас аз қаламрави ин кишвар ронда шуд. Пас аз як рӯзи он мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои мақомот, ӯ бар асоси даъвои чанд нафар дастгир шуда, ба қаллобӣ муттаҳам аст. Наздиконаш аксар даъвоҳоро бепоя донистанд. Ҷонибдоронаш бовар доранд, боздошти Иззат Амон ва иттиҳоми ба зидди ӯ дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ аст.

XS
SM
MD
LG