Ссылки доступа

Марги варзишкор Алберт Линдер: мураббии мунтахаби Қазоқистон барканор шуд


Мураббии тими мунтахаби Қазоқистон оид ба варзиши сабук Сергей Седов, дар робита ба марги варзишкор Алберт Линдер, аз мақом барканор шуд.

Алберт Линдери 25-сола шаби 17 сентябр худкушӣ кард. Марги вай вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Дӯстони Линдер гуфтанд, мураббиён нисбати варзишкорон аз фишори равонӣ истифода мекунанд.

Пулиси вилояти Алмато баъди марги Линдер бо моддаи "Ба худкушӣ расонидан" таҳқиқро оғоз кардааст.

XS
SM
MD
LG