Ссылки доступа

Туркия мухолифи туркман Дурсултон Тагановаро озод кард


Дурсолтан Таганова

Фаъоли маданӣ ва яке аз мунаққидони ҳукумати Туркманистон Дурсултон Таганова, ки ахиран дар Туркия дастгир гашта буд, аз боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Истамбул барои шаҳрвандони хориҷӣ озод карда шудааст.

Тагановаро нисфирӯзии 29 сентябр баъди он озод кардаанд, ки вакили дифоаш асноди заруриро пешниҳод намудааст.

Бунёди ҳимоят аз ҳуқуқи "Мемориал" 27 сентябр хабар дод, ки маъмурони пулиси Истамбул Дурсултон Тагановаро дастгир карда, ба боздоштгоҳи муқаттии шаҳр барои шаҳрвандони хориҷӣ интиқол доданд.

​Ба иттилои "Мемориал", ду корманди пулис субҳи 26 сентябр ба манзили иҷораи Таганова рафтаанд, вале ӯро пайдо накардаанд. Кормандони пулис баъди бозҷӯии манзил ба ҳамхонаи фаъоли туркман гуфтаанд, ки Таганова бояд барои имзои санаде ба шуъба ҳозир шавад.

Дертар худи Таганова бо нашри видеое дар Интернет хабар дод, ки эҳтимол аст, ба Туркманистон ихроҷ шавад. Ӯ ҳамчунин аз фаъолоне, ки зидди ҳукумати Туркманистон баромад мекунанд, хост, "натарсанд". Вай афзуд, ки кори ғайриқонуние накарда, танҳо дар шабакаи иҷтимоии Тик-Ток аз ҳукумати Туркманистон риояи ҳуқуқҳои худро талаб кардааст.

XS
SM
MD
LG