Ссылки доступа

Қазоқистон муваққатан аз Русия сӯзишворӣ ворид мекунад


Асет Магауов, ноиб-вазири энержии Қазоқистон рӯзи 29 сентябр гуфт, зарурат пеш омадааст, ки аз Русия наздики 100 тона сӯзишвории дизелӣ ворид карда шавад.

Ба гуфтаи вай, камбуди асосии сӯзишворӣ дар Қазоқистон ба таъмири корхонаи корхонаи коркарди Атирау ва афзиши қимати маводи сӯхт дар кишварҳои ҳамсоя марбут аст.

Магауов гуфт, ҳукумати кишвараш қимати маводи сӯхтро аз оғози сол то кунун дар сатҳи 200 танга барои ҳар литр нигаҳ дошт. "Фарқият бо Русия то 100 танга барои ҳар литр, бо Узбекистон 70-80 танга ва бо Қирғизистон 61 танга аст. Ин боис шуд, ки ҳамаи мошинҳои транзитӣ дар даромаду баромад аз Қазоқистон маводи сӯхт бигиранд ва, ба ин тартиб, талабот ба маводи сӯхт дар ноҳияҳои наздимарзии Қазоқистон афзуд", - гуфт ноиб-вазир.

Вай афзуд, дар Қазоқистон 210 ҳазор тона маводи сӯхт мавҷуд аст, ки барои 11-12 рӯз кифоят мекунад.

"Наздики 100 ҳазор тона маводи сӯхт бояд аз Русия ворид карда шавад. Мо бо мақомоти Русия гуфтугӯ кардем. Созиш ҳосил шудааст", - гуфт Магауов.

XS
SM
MD
LG