Ссылки доступа

Дар зиндонҳои Эквадор баъди занозанӣ ва марги бештар аз 100 зиндонӣ низоми фавқулода эълом шуд


Теъдоди зиндониёне, ки дар занозанӣ байни ҳам дар зиндони Литорали шаҳри Гуаякили Эквадор кушта шуданд, ба 116 расид.

Президенти Эквадор Гилермо Лассо дар низоми зиндонҳо ҳолати фавқулода эълом ва ба ҳукумат иҷоза дод, ки низомиёну пулисро ба зиндонҳо фиристад.

Мақомот дар ин занозанӣ гуруҳҳои марбут ба қочоқбарони байналхалқии маводи мухаддиро айбдор ва гуфтанд, ҳадди ақал сари панҷ тан аз кушташудаҳо аз танашон ҷудо карда шудааст.

Президенти Эквадор рӯзи 29 сентябр гуфта буд, ҳанӯз наметавонад, кафолат диҳад, ки мақомот вазъро таҳти назорат гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG