Ссылки доступа

Дар Қазоқистон ронандагони норозӣ аз гаронии сӯзишворӣ ба эътирози худ идома медиҳанд


Рӯзи 30 сентябр наздики 30 тан аз ронандагон дар километри 766-уми шоҳроҳи Самара-Чимкент, дар ҳудуди Қазоқистон эътироз карданд.

Яке аз талабҳои онҳо - пешгирӣ аз болоравии қимати сӯзишвории дизелӣ аст.

Ронандагон мегӯянд, ба иловаи гаронии қимати сӯзишвории дизелӣ онро ба миқдори маҳдуд ба ронандагон мефурӯшанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 30 сентябр дар вилояти Туркистони Қазоқистон даҳҳо тан аз ронандагон дар қитъаи роҳи мошингарди Қизилорда бо нишони эътироз аз пулакӣ шудани роҳҳо, гаронии сӯзишворӣ ва воксинзании кӯдакон зидди коронавирус ҷамъ шуданд.

Пулис аз ҷамъшудаҳо талаб кард, ки пароканда шаванд. Дар ин бора Абай Тореханов, яке аз ронандагон хабар дод.

Шуруъ аз охири моҳи май дар чанд минтақаи Қазоқистон сокинон бо нишони пулакӣ шудани роҳҳо эътироз карданд. Ронандагони мошинҳои боркаш мегӯянд, роҳҳои пулакӣ бесифат ҳастанд ва болои ин гаронии қимати сӯзишворӣ имкон намедиҳад, пули роҳҳо пардохта шаванд.

XS
SM
MD
LG