Ссылки доступа

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон барқ медиҳанд


Узбекистон дар мавсими тирамоҳу зимистон ба Қирғизистон 750 млн кВт/соат нерӯи барқ содир хоҳад кард.

Вазири энержӣ ва саноати Қирғизистон Доскул Бекмурзоев гуфт, Бишкек пули ин барқро пардохт нахоҳад кард. Зеро он бар ивази барқе интиқол дода мешавад, ки Қирғизистон баъди муътадил шудани вазъ ба Узбекистон бармегардонад.

Ба гуфтаи Бекмурзоев, Қирғизистон дар масъалаи ворид кардани 500 млн кВт/соат барқ аз Туркманистон ва 2-3 млрд кВт/соат барқ аз Русия тавассути Узбекистон гуфтугӯ дорад.

Қазоқистон низ бо шарти баргардонидан ба Қирғизистон 900 млн кВт/соат нерӯи барқ содир хоҳад кард.

Доскул Бекмурзоев пештар дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дода буд, ки интиқоли барқ аз Тоҷикистон 30-юми сентябри имсол оғоз шудааст. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, Тоҷикистон рӯзона 1 млн кВт/соат барқ ба Қирғизистон хоҳад дод. Душанбе дар ин бора расман иттилое надодааст.

XS
SM
MD
LG