Ссылки доступа

Пандемия бисёриҳоро дар Тоҷикистон аз кор маҳрум кард, вале... (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Пандемия бисёриҳоро дар Тоҷикистон аз кор маҳрум кард, вале... Дар якуним соли охир, ки иқтисоди Тоҷикистон зери фишори пандемия аст ва бисёре аз соҳаҳо дучори рукуд шудаанд, 30 ташаббускор дар ноҳияҳои тобеи пойтахт бо гирифтани қарзи боимтиёз ва грантҳои Бонки Ҷаҳонӣ тавонистаанд, кори худро шуруъ кунанд. (видео)

- Даъвати Русия аз Тоҷикистон ва "Толибон" чӣ паёмҳо дорад? Алексей Зайтсев, муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи 30-юми сентябр гуфт, Маскав аз афзоиши таниш байни Тоҷикистон ва "Толибон" нигарон аст. Вокуниши коршиносон аз Душанбе ба ин изҳорот. (видео)

- Ҳоли паноҳҷӯёни афғон дар марзи Тоҷикистон бадтар шудааст. Гуруҳе аз паноҳҷӯёни афғон дар марзи Тоҷикистон мегӯянд, баъд аз таҳдидҳои "Толибон" хаймаҳояшонро канданд ва зери осмони бозу ҳавои сард зиндагӣ мекунанд. (видео)

- Ҳукми зиндони тоҷикон дар Қирғизистонро "бераҳмона" хонданд. Хешовандони ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Қирғизистон зиндонӣ шуданд, мегӯянд, ки ҳукми додгоҳ бисёр сахт аст ва онҳо ба додгоҳи болоӣ шикоят мебаранд. (видео)

- Фақр нагузошт, ки Орзу ба орзуяш бирасад. Камбизоатӣ нагузошт, Орзу, ҷавоне аз шаҳри Кӯлоб ба орзуяш, ки донишҷӯ шудан буд, бирасад. Достони зиндагии ӯро дар ин видео бинед (видео)

- "Тоҷпромбонк"-ро мебанданд, амонати муштариён чӣ мешавад? То замони пурра барҳам хӯрдани "Тоҷпромбонк", яке аз ниҳодҳои молии муфлисшуда дар Тоҷикистон, рӯзҳои башумор мондааст, аммо муштариён мегӯянд, ҳанӯз амонатҳои худро гирифта наметавонанд. Онҳо 27 сентябр аз Додгоҳи иқтисодии Душанбе ёрӣ хостанд. Мудири махсус мегӯяд, амонати муштариёнро медиҳанд. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.​

XS
SM
MD
LG