Ссылки доступа

Марде, ки ҷасади овехтаи ҳамсар ва се кӯдакашро ёфтанд, ба зиндон маҳкум шуд


Лазиз Ҷӯразода, сокини шаҳри Панҷакент, ки баъд аз ёфтани ҷасади овехтаи ҳамсар ва се кӯдакаш дастгир шуда буд, ба панҷ сол зиндон маҳкум гардидааст.

Як манбаъ дар Додгоҳи шаҳри Панҷакент охири моҳи сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҷӯразодаро барои ба "худкушӣ расондан" гунаҳкор донистанд, вале тафсилоти парвандаро ошкор накард.

Пайвандони зан ба ҳукм вокуниш накардаанд. Зуҳуриддин Шарофов, вакили мудофеи Лазиз Ҷӯразода, ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи зерҳимояаш "дар доираи қонун баррасӣ шуда, қисман ба қонуни афв шомил мешавад".

Ҷасади овехтаи Шаҳло Шарифоваи 31-сола ва се кӯдакаш – Муҳаммадҷони 6-сола, Шаҳнозаи 4-сола ва Аминаи 8-моҳаро даҳуми апрели имсол дар деҳаи Некноти Панҷакент пайдо карданд. Падари хонавода, Лазиз Ҷӯразода, 11-уми апрел дастгир шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон он замон бо нашри изҳороте гуфта буд, ки ҳодиса дар пайи моҷаро дар оила рух додааст, аммо то ин дам нагуфтанд, ки ҷанҷол бар сари чӣ сар зада.

Чанде аз сокинони Некнот ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, зан зодаи шаҳри Душанбе буда, чанд сол пеш арӯси хонаводаи Ҷӯраевҳо шудааст. Ҳамдеҳагон зиндагии оиларо миёнҳолона тасвир карда, гуфтанд, дар як ҳавлӣ чанд хонавода зиндагӣ мекарданд.

Дар гузашта мақомот чанд ҳодисаи ба ин монандро ошкор кардаву баъзе аз онро худкушӣ номида буданд. Аз ҷумла, Сайрам Холова, сокини деҳаи Сунбулаи ноҳияи Ҳисор, моҳи майи соли 2018 худ ва ду кӯдакашро ба дарё андохт. Додгоҳи Ҳисор падари хонавода Фатҳулло Шариповро бо гуноҳи ба худкушӣ расондани ҳамсар ва кӯдаконаш панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард.

Зӯҳро Маҳмуродова, сокини 25-солаи шаҳри Норак, соли 2016 худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт.

Айнан бо ҳамин шева моҳи сентябри соли 2015 Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш, бо се тифлаш кӯшиши худкушӣ кард. Вай худро бо фарзандонаш ба дарё андохт, вале модарро наҷот доданду ҳарсе фарзандаш аз даст рафт.

Пештар аз ин ҳодиса, дар моҳи июли соли 2015 сокини ноҳияи Ёвон Парвина Абдуллоева бо 3 тифлаш худро ба дарё партофт. Дар ин ҳодиса ҳам кӯдакон фавтиданд ва модар зинда аз об берун шуд. Парвина бо ҷурми куштори фарзандони худ ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG