Ссылки доступа

Эрназар Акматалиев дар таърихи гуштини озод дар Қирғизистон нахустин медалро касб кард


Гуштигири қирғизистонӣ Эрназар Акматалиев дар даври ниҳоӣ дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар шаҳри Ослои Норвегия баргузор шуд, аз варзишгари лаҳистонӣ Магомедмурод Гаҷиев шикаст хӯрд.

Сабқати ду варзишгар дар вазни 70 кило бо ҳисоби 1:2 ба поён расид.

Медалҳои биринҷиро дар ин вазн варзишгари рус Евгений Жербаев ва рақиби Акматалиев дар даври ниманиҳоӣ – Зурабӣ Якобишвилӣ ба гардан овехтанд.

Акматалиев нахустин қирғизистонӣ аст, ки дар таърихи гуштини озод медали нуқраро соҳиб мешавад. Дар гузашта ягон намояндаи Қирғизистон дар ин навъи варзиш ба даври ниҳоии чемпионатҳои ҷаҳонӣ роҳ наёфтааст.

XS
SM
MD
LG