Ссылки доступа

Китоби нави президенти Туркманистонро ба донишҷӯён иҷборан мефурӯшанд


Президент Туркменистана презентовал новую книгу, посвящённую 30-летию независимости страны на заседании Халк Маслахаты (Народного Совета). Ашхабад, 25 сентября, 2021
Президент Туркменистана презентовал новую книгу, посвящённую 30-летию независимости страны на заседании Халк Маслахаты (Народного Совета). Ашхабад, 25 сентября, 2021

Кормандони муассисаҳои давлатӣ ва донишҷӯёни Туркманистонро маҷбур мекунанд, ки китоби нави президенти ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов - "Истиқлол -- хушбахтии мо"-ро бихаранд.

Ба ҷуз ин, мақомоти маҳаллии Туркманистон барои ҳавасмандгардонии сокинон ба харидории китоби нави Бердимуҳаммадов чораҳо меандешанд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, мақомоти вилояти Лебапи Туркманистон кормандони соҳаи фарҳангро ба эҷоди сурудҳое маҷбур мекунанд, ки эҷодиёти нави президенти он кишвар дар онҳо тавсиф карда мешавад.

Ҳамчунин дар донишкадаҳои Лебап донишҷӯёнро даъват доранд, ки китоби "Истиқлол -- хушбахтии мо"-ро ҳифз кунанд. Барои барандагони озмуни ҳифзи асари нав 100 манат ($28,5) мукофот таъйин шудааст.

"Истиқлол -- хушбахтии мо" асари дувуми Бердимуҳаммадов аст, ки соли равон ба нашр мерасад. Аз ин пеш китоби "Ишқобод -- шаҳри сафед"-и ӯ моҳи майи имсол бахшида ба 140-солагии пойтахти Туркманистон нашр шуда буд.

Дар давоми 11 соли президентии Бердимуҳаммадов аз номи ӯ 60 китоб дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла идораи давлат, муносибатҳои байналмилалӣ, гиёҳу растаниҳои шифобахш, аспу сагпарварӣ нашр шудааст.

Китобҳои президенти Туркманистонро дар мактабҳо меомӯзанд, дар расонаҳо иқтибос ва дар пасманзари шуюи коронавирус дар асоси онҳо дарсҳои ҳифзи саломатӣ гузаронида мешаванд.

XS
SM
MD
LG