Ссылки доступа

Дигарандеши қазоқ Арон Отабек дар беморхона бистарӣ шуд


Шоир ва дигарандеши қазоқ Арон Отабек, ки ҳафтаи гузашта ба далели вазъи сиҳатӣ шартан аз зиндон озод шуда буд, бо нишонаҳои нафастангӣ дар беморхона бистарӣ шудааст.

Дар ин бора наздикони Отабек хабар додаанд.

Фаъоли мадании қазоқ Айсулу Абубакирова гуфт, рӯзҳои ахир сулфаи Арон Отбек бештар гашта, хонаводааш маҷбур шудаанд, ки "Ёрии таъҷилӣ"-ро даъват кунанд. Табибон баъди муоина шоирро бо худ бурдаанд.

Вазъи Арон Отабек дар ҳоли ҳозир вазнин арзёбӣ шуда, зери дастгоҳи нафаскашӣ қарор дорад.

Додгоҳи шаҳри Павлодари Қазоқистон дигарандеш ва шоир Арон Отабекро 1 октябр шартан аз маҳбас озод кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии додгоҳ, ин тасмим бо назардошти вазъи сиҳатии шоири қазоқ, ки гуфта мешавад ба бемории табобатнашаванда мубтало гаштааст, гирифта шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи маҳаллӣ ҳафтаи гузашта дар як муроҷиатнома аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев даъват карданд, ки шоир Отабекро афв кунад.

XS
SM
MD
LG