Ссылки доступа

ИМА ба Вазорати дифои Тоҷикистон 20 ҷип тақдим кард


Сафорати ИМА дар Душанбе рӯзи 5-уми октябр гуфт, ки дар доираи кумак ба Тоҷикистон, "баҳри мустаҳкам намудани марзҳои давлатӣ 20 автомошинаи ҷипро ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон тақдим намуд".

Мошинҳои дорои арзиши 1,3 миллион доллар ба нерӯҳои вижаи Вазорати дифоъ имкон медиҳанд, ки дар манотиқи душворгузари марз амалиёт анҷом диҳанд.

Дар иттилоияи сафорати ИМА омадааст, ки дар мароси тақдими мошинҳо сафир Ҷон Марк Поммершайм ва муовини Вазири мудофиа оид ба технология ва таъминот генерал-майор Хусрав Бобозода иштирок карданд.

Аз соли 1992 инҷониб Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 330 миллион доллар кумаки низомӣ расонидааст. Иёлоти Муттаҳида дар тӯли 30 сол бо Тоҷикистон барои дастгирии барномаҳои амниятӣ, рушди иқтисод, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, маориф ва ба рушд ва ҳамкориҳои низомӣ ба маблағи 1,8 миллиард доллар кумак расонидааст.

XS
SM
MD
LG