Ссылки доступа

Корманди марзбонии Қирғизистон дар таҳияи мухаддир ва фошсозии сирри давлатӣ гумонбар мешавад


Сардори пешини гузаргоҳи марзии "Кадамҷой"-и Қирғизистон, сарҳанг Р.Д. баъди ошкор шудани сирри давлатӣ ва низомӣ аз сӯи вай аз мақом барканор шуд.

Мақомоти Қирғизистон моҳи июли соли 2021 таҳқиқ анҷом дода ва дар моҳи сентябр Р.Д. барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ӯро ибтидо бо моддаи "Омодасозии ғайриқонунии маводи мухаддир" гумонбар мекарданд.

Айни замон нисбати вай бо чанд моддаи дигар парванда кушода шудааст.

Гузаргоҳи марзии "Қадамҷой" дар ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканди Қирғизистон, дар марз бо Узбекистон ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG