Ссылки доступа

Қирғизистон гуфт, канадагиҳо дар "Қумтор" меъёрҳои муҳитзистиро вайрон мекардаанд


Ширкати "Қумтор Голд Компанӣ"-и Қирғизистон дар сомонааш рӯзи 5 октябр хабар дод, ки дар кони тилои Қумтор ҳолатҳои "вайронсозии меъёрҳои қонунгузории муҳитзистии Қирғизистон ва стандартҳои муҳитзистии байналхалқӣ"-ро ошкор кардааст.

Ширкат хабар медиҳад, "солҳои тӯлонӣ партовҳои кон дар ивази коркард шудан, танҳо зери хок карда мешуданд". Ин партовҳоро танҳо бо ёрии коргарони кон пайдо кардаанд, зеро дар ҳеч кадом ҳисобот ва ҳуҷҷатҳо аз онҳо ёд нашудааст. "Дар партовҳо моддаҳои заҳролуд, чархи мошинҳо, мошинҳои вайроншуда ва ғайра гур карда шудаанд", - хабар медиҳад "Қумтор Голд Компанӣ".

Ширкати канадагии "Сентерра", ки ба коркарди кони тилои Қумтори Қирғизистон машғул буд, гуфт, бар асоси стандартҳои муҳитзистии байналхалқӣ фаъолият кардааст.

"Сентерра" мегӯяд, фаъолияти вай борҳо аз сӯи нозирони берунӣ санҷида шудааст.

То ин замон додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкеки Қирғизистон ширкати "Сентерра"-ро ба пардохти 261 миллиарду 719 миллион сом ҷарима барои вайрон кардани муҳити зист вазифадор карда буд.

Баҳси Қирғизистон бо ширкати "Сентерра" ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ кашида шудааст.

XS
SM
MD
LG