Ссылки доступа

Узбекистон мехоҳад, 1 миллион га замини кишоварзӣ аз Русия иҷора гирад


Вазорати кишоварзии Узбекистон тасмим дорад, дар майдони наздики 1 миллион га дар Русия лубиву гандум кишт кунад.

Ду кишвар айни замон барои озмоиш 35 ҳазор га заминро мувофиқа кардаанд.

Дар ин бора дар ҷаласаи муштараки онлайнии вазирони кишоварзии Узбекистону Русия хабар дода шуд.

Вазорати кишоварзии Русия гуфтааст, ҷонибдори тарҳи муштарак бо Узбекистон аст.

Узбекистон тасмим дорад, барои таъмини бозори дохилии худ дар майдони 1 миллион га замин дар Русия лубиё, гандум ва дигар зироати кишоварзӣ кишт кунад.

Аммо баъзе аз афроди огоҳ мегӯянд, Русия мумкин аст, ба Узбекистон заминҳои нокорам ва дурдастро ба иҷора диҳад, ки аз он заминҳо ҳосил бардоштан номумкин хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG