Ссылки доступа

Вакилони порлумони Қирғизистон дар бораи воридоти барқ аз Тоҷикистон иттилои дақиқ талаб доранд


Вазорати энержии Қирғизистон хабар дод, ки аз Тоҷикистон барқ ворид мекунад, аммо Тоҷикистон ин хабарро рад кард.

Улуғбек Содиқов, вакили порлумони Қирғизистон рӯзи 7 октябр аз мақомоти кишвараш хост, ки ин иттилоъро шарҳ диҳанд.

Вай пешниҳод кард, ки вазири энержӣ ва саноати Қирғизистон Доскул Бекмурзоев ба порлумон даъват карда шавад.

"Аз зимистони сард пешгӯӣ карда мешавад. Дар обанбори Токтогул ҳамагӣ 12,3 млрд метри мукааб об захира аст. Гуфта мешавад, сатҳи об метавонад, то ба 6 млрд метри мукааб кам шавад ва низоми энержиро ба ҳам занад", - гуфт Содиқов.

Вазири энержии Қирғизистон Доскул Бекмурзоев рӯзи 1 октябр хабар дода буд, ки воридоти барқро аз Тоҷикистон шуруъ кардаанд. Вай гуфт, ҷониби Тоҷикистон пешниҳоди хариди барқашро кардааст. "Дар шабонарӯз 1 миллион киловат/соат барқ ворид мекунем. Дар моҳ мумкин аст, аз 30 то 50 млн киловат/соат расад", - гуфта буд Бекмурзоев.

Аммо рӯзи 4 октябр вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон хабари ҷониби Қирғизистонро рад кард. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҷониби Қирғизистон дархости хариди барқро аз Тоҷикистон кардааст. Ду ҷониб рӯзи 2 октябр дар шаҳри Душанбе мулоқот карданд.

"Айни замон ин дархост дар ҳоли баррасӣ аст", - хабар дод вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон.

XS
SM
MD
LG