Ссылки доступа

Додгоҳ қарори ҳабси маъмурии рӯзноманигор Ғаниевро бе тағйир боқӣ гузошт


Додгоҳи шаҳри Тошканди Узбекистон рӯзи 6 октябр қарори додгоҳи ноҳияи Учтепинро нисбати блогнавис Бобур Ғаниев бетағйир боқӣ гузошт.

Рӯзи 1 октябр додгоҳи ноҳияи Учтепин рӯзноманигорони сомонаи Taftish.uz Бобур Ғаниев ва Аброр Кузибоев ва ошнои онҳо Обид Салимовро 15-рӯзӣ ҳабси маъмурӣ кард.

Додгоҳ рӯзноманигоронро дар таҳқири кормандони умури дохилӣ, итоат накардан ва муқобилият нишон додан ба онҳо айбдор дониста, бар иловаи 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ, Ғайниевро 5400000 сӯм (беш аз $500) ва Козубоевро 270 000 сӯм ($25) ҷарима кардааст.

Ҳукми рӯзноманигорон 1 октябри соли равон аз сӯи додгоҳи ноҳияи Учтеппаи Узбекистон содир шуда, яке аз дустони онҳо Обид Салимов ҳам ба муҳлати 15 шабонарӯз ҳабс гаштааст.

Ба иттилои додгоҳ, рӯзноманигорони узбек 30 сентябр дар ҷараёни "рейди махсус"-е дар кӯчаи "Фарҳод"-и Учтеппаи шаҳри Тошканд ба фармони кормандони умури дохилии Узбекистон итоат накардаанд.

Он рӯз кормандони пулис мошини Кузибоевро боз доштаанд, ки дар дохили он Ғаниев ва Салимов низ буданд. "Ғаниев ва Салимов бо телефонҳои худ корманди пулисро ба навор гирифта, Кузибоев ба ӯ суханҳои таҳқиркунанда гуфтааст", - афзудааст манбаъ.

Дар натиҷа кормандони пулис ҳар серо боздошт карда, ба шуъбаи пулиси Учтеппа бурдаанд.

XS
SM
MD
LG