Ссылки доступа

Мирзиёев Путинро бо зодрӯзаш табрик кард ва гуфт, ба Русия меравад


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 7 ноябр ҳамтои руси худ Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик кард.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Узбекистон, Мирзиёев дар ҷараёни ин суҳбати телефонӣ нақши Путинро дар ташаккули Русияи муосир ва саҳми шахсии ӯро дар тақвияти шарикии стратегию ҳампаймонии Тошканду Москва "таърихӣ" номидааст.

Ҳамчунин ҷонибҳо тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои Узбекистону Русия ва сафари давлатии қарибулвуқуи Мирзиёев ба Москваро, ки қарор аст моҳи ноябри соли равон сурат гирад, баррасӣ кардаанд.

Сафари давлатии Мирзиёев ба Русия қарор буд, моҳи феврали соли 2020 анҷом шавад, ба моҳи июн ба таъхир гузошта шуд. Вале ин сафар ба иллати пандемияи коронавирус дар моҳи июн низ сурат нагирифт.

XS
SM
MD
LG