Ссылки доступа

Вазорати иттилои Қазоқистон гуфт, сабабҳои аз кор мондани HOLA News-ро рушан мекунад


Вазорати иттилоъ ва рушди ҷомеаи Қазоқистон гуфт, аз вазорати рушди рақамӣ, навоварӣ ва саноати кайҳонӣ хостааст, сабабҳои баста шудани сомонаи хабарии HOLA News-ро санҷад.

Рӯзи чаҳорум аст, ки сомонаи мазкур барои бештари корбарон дар дохилу хориҷи Қазоқистон дастнорас аст.

Идораи сомона 7 октябр дар як изҳорот гуфт, ки "давоми 48 соати охир фаъолияти сомонаи HOLA News-ро масдуд кардаанд".

"Корбарони мо дар хориҷ низ дар дастрасӣ мушкил пайдо карданд, зеро, бино ба талаботи қонунгузориии Қазоқистон, сомона дар дохили кишвар сабт шудааст", - омадааст дар изҳороти идораи HOLA News.

Дар ҳоли ҳозир идораи сомона дар пайи пайдо кардани сабаби мушкилӣ аст. Идора ба ширкатҳои таъминкунандаи интернет муроҷиат карда, аммо то ин замон посух наёфтааст.

XS
SM
MD
LG